«БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН». Ҷаласаи васеи ҳайати комиссияи экспертии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 август дар Агентии содирот ҷаласаи васеи ҳайати Комиссияи экспертии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» оид ба муайян намудан ва интихоби беҳтарин содироткунандаи сол (иштирокчӣ) аз рӯи номинаҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои озмун баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти ҷумҳурӣ.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» дар асоси Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Қоидаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории озмун- афзоиш додани ҳаҷм ва рақобатпазирии маҳсулоти содирот, бахусус маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд ва маҳсулоти ашёи ғайрихом, тақвият додани ҳавасмандӣ ва омилҳои ба рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, мусоидат кардан ба беҳтар намудани нуфузи тиҷоратии Тоҷикистон ва эътибори содироткунандагони ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
То имрӯз 61 субъекти ватанӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намудаанд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ натиҷаҳои баҳодиҳии меъёрҳои асосӣ гузаронида шуда, ғолибони асосӣ барои иштирок дар озмун тибқи қоидаҳои он муайян карда мешаванд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад






