Бонкҳои кишварҳои СҲШ нақшаи ягонаи дастгирии бахши молиявиро қабул карданд

Август 24, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонкҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) нақшаи дастгирии ҳамкории иқтисодии дохилиминтақавӣ қабул намуданд. Дар ин бора зимни ҷаласаи 18-уми Шӯрои Ассотсиатсияи байнибонкии созмон, ки дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Бонки миллии Узбекистон баргузор гардид, хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Бонки миллии фаъолияти иқтисоди берунии Узбекистон.

Тибқи натиҷаи ҷаласа, Шӯрои Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои СҲШ оид ба дастгирӣ ва рушди ҳамкории дохилиминтақавии иқтисодии СҲШ дар давраи миёнамуҳлат (2022-2027) ва принсипҳои чаҳорчӯби ҳамоҳангӣ ва ҳамкории бонкҳои аъзои СҲШ-ро дар бахши молия тасдиқ намуд, гуфта мешавад дар изҳороти Бонки миллии фаъолияти иқтисоди берунии Узбекистон.

Санадҳои имзошуда барои ворид кардан ба эъломия доир ба натиҷаҳои нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, тасвиб шуданд.

Ба иттилои Бонки миллии фаъолияти иқтисоди берунии Узбекистон, ин санадҳо барои ҳавасмандгардонии афзоиши гардиши мол ва ҳамкории сармоягузории бонкҳои аъзои созмон дар татбиқи лоиҳаҳои ояндадори муштараки инфрасохторӣ дар фазои СҲШ, инчунин рушди ҳамкории саноатӣ миёни кишварҳои узви созмон шароити мусоид фароҳам меоранд.

Раёсат дар Шӯрои Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ барои солҳои 2022-2023 шуруъ аз моҳи октябри соли равон ба ширкати молияи инфрасохтори Ҳиндустон мегузарад.

СҲШ созмони байналмилалиест, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Ба он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон шомил мебошанд. Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. Дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд. Соли равон Беларус барои аъзо шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ расман дархост пешниҳод намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 24, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид