ЧӢ БАРОИ РУШДИ ИНТЕРНЕТИ БАЛАНДСУРЪАТ ДАР ТОҶИКИСТОН МОНЕА ЭҶОД МЕКУНАД? Коршинос, Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии ҶТ сабаби онро шарҳ дод

Август 17, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Коршинос, Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии ҷумҳурӣ, узви Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и назди Президенти Тоҷикистон Ғафур Иркаев дар мусоҳиба бо хабаргузории русии Sputnik нақл кард, ки соҳибони инфрасохтори алоқаи интернетии Тоҷикистон бо чӣ гуна мушкилот рӯ ба рӯянд ва шароит бо ҳамсояҳоро муқоиса намуд.

Коршинос дар посух ба ин суол, ки дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя интернет дар Тоҷикистон худро чӣ гуна нишон медиҳад, аз дастовардҳои Қирғизистон ёдовар шуда, сатҳи шабакаи миллии моро бештар ба Афғонистон, Покистон ва Узбекистон монанд намуд.

Ба рушди интернети баландсуръату арзон дар Тоҷикистон ландшафт-ҳудуди табиӣ монеъ мешавад, чунин меҳисобад коршинос.

«Гап сари он аст, ки 97 фоизи ҷумҳуриро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз ин рӯ ин барои мо, барои тамоми соҳае, ки ин гуна хизмат мерасонад, душвор аст»,-гуфт ӯ.

Иркаев зикр кард, ки замоне дар қаламрави собиқ ИҶШС аввалин шуда дар Тоҷикистон стандартҳои 3G ва 4G пайдо шуда буданд. Ба гуфтаи ӯ, ин ба шарофати ширкатҳои бузург, ба мисли ZTE ва Huawei ва инчунин оператороне, ки тақрибан 8 нафар буданд, имконпазир гардид.

Раиси ассотсиатсия ҳамчунин гуфт, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ онҳо аллакай стандарти насли нави 5G-ро санҷидаанд. Аммо Иркаев дар бораи нақшаи ба таври доимӣ истифода бурдани он чизе нагуфт.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2022 суръати интернети воридотӣ дар Тоҷикистон ба 100 Гбит/с баробар гардид. Дар ин давра теъдоди корбарони интернет дар баробари муштариёни интернети мобилӣ ва собит ба 4,2 миллион нафар расидааст, ки 42 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин бора чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ Илҳомҷон Атоев иттилоъ дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид