ЧӢ БАРОИ РУШДИ ИНТЕРНЕТИ БАЛАНДСУРЪАТ ДАР ТОҶИКИСТОН МОНЕА ЭҶОД МЕКУНАД? Коршинос, Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии ҶТ сабаби онро шарҳ дод

Август 17, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Коршинос, Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии ҷумҳурӣ, узви Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и назди Президенти Тоҷикистон Ғафур Иркаев дар мусоҳиба бо хабаргузории русии Sputnik нақл кард, ки соҳибони инфрасохтори алоқаи интернетии Тоҷикистон бо чӣ гуна мушкилот рӯ ба рӯянд ва шароит бо ҳамсояҳоро муқоиса намуд.

Коршинос дар посух ба ин суол, ки дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя интернет дар Тоҷикистон худро чӣ гуна нишон медиҳад, аз дастовардҳои Қирғизистон ёдовар шуда, сатҳи шабакаи миллии моро бештар ба Афғонистон, Покистон ва Узбекистон монанд намуд.

Ба рушди интернети баландсуръату арзон дар Тоҷикистон ландшафт-ҳудуди табиӣ монеъ мешавад, чунин меҳисобад коршинос.

«Гап сари он аст, ки 97 фоизи ҷумҳуриро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз ин рӯ ин барои мо, барои тамоми соҳае, ки ин гуна хизмат мерасонад, душвор аст»,-гуфт ӯ.

Иркаев зикр кард, ки замоне дар қаламрави собиқ ИҶШС аввалин шуда дар Тоҷикистон стандартҳои 3G ва 4G пайдо шуда буданд. Ба гуфтаи ӯ, ин ба шарофати ширкатҳои бузург, ба мисли ZTE ва Huawei ва инчунин оператороне, ки тақрибан 8 нафар буданд, имконпазир гардид.

Раиси ассотсиатсия ҳамчунин гуфт, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ онҳо аллакай стандарти насли нави 5G-ро санҷидаанд. Аммо Иркаев дар бораи нақшаи ба таври доимӣ истифода бурдани он чизе нагуфт.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2022 суръати интернети воридотӣ дар Тоҷикистон ба 100 Гбит/с баробар гардид. Дар ин давра теъдоди корбарони интернет дар баробари муштариёни интернети мобилӣ ва собит ба 4,2 миллион нафар расидааст, ки 42 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин бора чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ Илҳомҷон Атоев иттилоъ дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти 4 шаҳру ноҳия машғулият гузаронида шуд
Дар Данғара доир ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ ба бунёди яке аз пулҳои дарозтарини мошингузар дар ҳудуди Бадахшон оғоз намуданд
Бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Рӯшон конфренсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Суғд барои таъмини бехатарии сокинон ҳангоми оббозӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад
«КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ — 2023». Дар Кӯлоб зимни баргузории ин чорабинӣ наврасонро аз оқибати фоҷеабори истифодаи маводи нашъаовар огоҳ намуданд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ҲАНГОМИ ҲАРОРАТИ БАЛАНДИ ҲАВО СОЛИМИРО ЧӢ ТАВР БОЯД ҲИФЗ КАРД? Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавсия медиҳад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Хатлон масъулин вазифадор гардидаанд, ки то 1 октябр корҳоро дар ин самт ба анҷом расонанд
Аз 6 то 9 июн гурӯҳҳои таблиғотӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд
МАРҲАБО, ТОБИСТОН! Чӣ бояд кард, то истироҳати кӯдакону наврасон хотирмону босамар гузарад?
Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон гармшавии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар назар аст