ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Шаҳбоз Саидабуроров имкони ба даст овардани нишони биринҷиро дорад
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо дар рақобатҳои вазнҳои 60 ва 66 кг Тоҷикистонро Муҳаммад Маҳмадизода ва Шаҳбоз Саидабуроров муаррифӣ доранд. Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг рақобатҳоро оғоз кард ва дар ин марҳила ба муқобили варзишгари ҳиндӣ Нитин Чауҳан бо имтиёзи иппон дар сонияҳои охир ғалаба ба даст овард. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Шаҳбоз аз варзишгари ҷопонӣ Риёма Танака мувоҷеҳи шикаст шуд ва ба даври тасаллобахш рафт. Ёдовар мешавем, ки ҳоло варзишгари кишвари мо имкони ба даст овардани нишони биринҷии ин мусобиқаро дорад. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод.
Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо оғоз гардид, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.
Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ дар рӯзи охири Чемпионати Осиё рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.
Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат меварзанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






