COVID-19. Имрӯз роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ бо вояи чоруми ваксина эм карда шуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазир, муовинони вазир, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 гирифтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт низ бо вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо назардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишварҳои ҳамсоя шурӯъ аз 16 августи соли равон даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид.
Сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «ба давраи чоруми ваксинатсия шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд. Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд. Тибқи нақша, баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад».
ДАР АКС: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми эмгузаронӣ. Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






