Дар Англия бинобар гармӣ ба парвариши авокадо, тарбуз ва хурмо шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тобистони гарми имсола дар Британияи Кабир ба афзоиши растаниҳое, ки қаблан танҳо дар гармхонаҳо парвариш мешуданд, таъсири судманд расонид. Ҳарорати рекордии баланд сабаби ҳосили фаровони зироати экзотикӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии BBC News.
Боғдорони Британия мегӯянд, ки онҳо тарбузу анҷир ва авокадо парвариш намуданд. Растаниҳое, ки қаблан дар Британия танҳо хонагӣ ҳисобида мешуданд, ба монанди зайтуну хурмо, ҳоло дар беруни бино низ хуб мерӯянд, дар ҳоле ки навъҳои анъанавии маҳаллӣ, баръакс, маҷбуранд ба шароити тағйирёбандаи иқлим мутобиқ шаванд.
Олимон ҳушдор медиҳанд, ки ҳавои гарми тобистон метавонад боиси хушксолӣ гардад, ки обёрии зироатро мушкил мекунад.
Дар мулки графии Йоркшир, воқеъ дар шимоли Англия кормандони боғи ботаникии Харлоу Карр, дар канори шаҳри Ҳаррогейт равандҳои иқлимиро пайгирӣ мекунанд. Каме ҷанубтар аз Йоркшир, дар минтақаи шарқи Англия, боғбони ҳаваскор Крис Бауэр тарбузу анҷир, хурмои чинӣ, хурмо ва меваи ситрусии юдзуи Осиёи Ҷанубӣ парвариш кардааст.
Дар шаҳрҳо аз сабаби таъсири гармидиҳии ба инфрасохтор алоқаманданд дарахтони экзотикӣ мева медиҳанд. Ботаники боғҳои шоҳона Кю Ҷеймс Уонг изҳор кард, ки дар Лондон авокадо мерӯяд.
Аммо коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки минбаъд идома ёфтани ҳавои хушки гарм дар тобистон бинобар норасоии об метавонад ба растаниҳо таъсири манфӣ расонад. Имсол дар Англия сатҳи об дар бисёр дарёю обанборҳо якбора паст шуд ва ширкатҳо истифодаи рӯдаҳоро барои обёрӣ дар қитъаҳои хусусӣ манъ карданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки гармӣ ва хушксолӣ дар Аврупо якҷоя бо пайомадҳои фалокатбор таҳдид мекунанд. Ҳатто саргаҳи дарёи Темза бори аввал дар таърих аз гармӣ хушк шуд.
АКС: www.bbc.com








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






