Дар Бадахшон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории «PomirInvest-2022» баргузор гардид.
Тавре дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, намояндагони шарикони рушд, донорҳо, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ, коршиносону масъулини соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Пеш аз оғози Шӯро иштирокдорон аз намоишгоҳ, ки аз навъҳои хӯрокҳои миллӣ, асбоби рӯзгор ва маҳсули дасти бонувони бадахшонӣ иборат буд, дидан намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ширин Амонзода зикр намуд, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштараки Тоҷикистон ва донорҳо дар ислоҳоти соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ комёбиҳои муайян ба даст оварда шуданд, ки самараи хубро дороанд.


Ҳадаф аз он ҷалби донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати дар заминаҳои мавҷуда таъсис додани ҷойҳои корӣ ва тавсеи шуғли пурмаҳсул барои сокинони ВМКБ тавассути ташкили омӯзиши касбу малакаҳо, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии кишвар ва дар маҷмӯъ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ: саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди пурмаҳсул дар кишвар буда, ин чораҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузоранд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, нақшаи кори вазорат то соли 2026 доир ба таъмини шуғлнокӣ тавассути рушди малакаҳои муосири ҷавонону занон ва дастгирии ҳунармандӣ дар ВМКБ: имконият, мушкилот ва дурнамо, таҷрибаи таъсиси ҷойҳои кор тавассути стартапҳо дар ВМКБ муаррифӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки 17-18 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми навбатии байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, шарикони рушд, соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор мегардад.
Акс: МИҲД ВМКБ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






