Дар Батуми Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд

Август 9, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Батуми 5 август  бахшида ба солгарди 28-уми барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Тенгиз Коколадзе баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар суханронии табрикотӣ ифтитоҳи Консулгарии фахриро ба муносибати солгарди 28-уми барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ин шаҳодати сатҳи баланди равобит миёни ду кишвар аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар таҳкими ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва робитаҳои гуманитарӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе зимни суханронӣ ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батумӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳо миёни ду давлат мебошад. Ӯ изҳор намуд, ки ин ниҳод ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

Дар маросими ифтитоҳи расмии он ҳамчунин Вазири молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Ҷаба Пхуткарадзе, шаҳрдори Батуми Арчил Чиковани ва муовини ӯ, Раиси Шӯрои маҳаллӣ Сулико Тебидзе, консулҳои генералии Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Украина, Арманистон, консулҳои фахрии Қазоқистон ва Австрия, вакилони парлумони Гурҷистон Анзор Болквадзе, Тите Арошидзе ва Ресан Конселидзе, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 9, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!