Дар Батуми Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Батуми 5 август бахшида ба солгарди 28-уми барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Тенгиз Коколадзе баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар суханронии табрикотӣ ифтитоҳи Консулгарии фахриро ба муносибати солгарди 28-уми барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ин шаҳодати сатҳи баланди равобит миёни ду кишвар аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар таҳкими ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва робитаҳои гуманитарӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе зимни суханронӣ ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батумӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳо миёни ду давлат мебошад. Ӯ изҳор намуд, ки ин ниҳод ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.
Дар маросими ифтитоҳи расмии он ҳамчунин Вазири молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Ҷаба Пхуткарадзе, шаҳрдори Батуми Арчил Чиковани ва муовини ӯ, Раиси Шӯрои маҳаллӣ Сулико Тебидзе, консулҳои генералии Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Украина, Арманистон, консулҳои фахрии Қазоқистон ва Австрия, вакилони парлумони Гурҷистон Анзор Болквадзе, Тите Арошидзе ва Ресан Конселидзе, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






