Дар деҳаи Ашти поёни ноҳияи Ашт бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ашти поёни ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба бунёди бунгоҳи тиббӣ оғози расмӣ бахшида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд.
Зимни маросим Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иброз намуд, ки вазифаи ҳар фарди ватандӯст ободу зебо намудани меҳани азиз аст. «Бо ҳидоятҳои одилонаю оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон симои дигар гирифтааст. Мо низ иқдомҳои Ҷаноби Олиро сармашқи кори худ қарор дода, ноҳияро ободу зебо мекунем. Бунёди бунгоҳи тиббӣ мушкили мардумро осон мекунад ва ба солимии миллат замина мегузорад»,-зикр намуд ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз даромадгоҳ, қабулгоҳ, ҳуҷраи ташхис бо нурҳои ултрабунфш, муоина ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки дар кори сохтмон аз маҳсулоти хушсифат ва мувофиқ ба стандарҳои замони муосир истифода намоянд.
АКС: МИҲД н.Ашт








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






