Дар деҳаи Ашти поёни ноҳияи Ашт бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад

Август 20, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи Ашти поёни ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода  ба бунёди бунгоҳи тиббӣ оғози расмӣ бахшида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд.

Зимни маросим Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода  иброз намуд, ки вазифаи ҳар фарди ватандӯст ободу зебо намудани меҳани азиз аст. «Бо ҳидоятҳои одилонаю оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон симои дигар гирифтааст. Мо низ иқдомҳои Ҷаноби Олиро сармашқи кори худ қарор дода, ноҳияро ободу зебо мекунем. Бунёди бунгоҳи тиббӣ мушкили мардумро осон мекунад ва ба солимии миллат замина мегузорад»,-зикр намуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз даромадгоҳ, қабулгоҳ, ҳуҷраи ташхис бо нурҳои ултрабунфш, муоина ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки дар кори сохтмон аз маҳсулоти хушсифат ва мувофиқ ба стандарҳои замони муосир истифода намоянд.

АКС: МИҲД н.Ашт

Август 20, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид