Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия» доир мегардад

Август 29, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия»  15 сентябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе  баргузор мешавад. Тавре ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бардошт аз натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: нуқтаҳои нави робита аз ҷумлаи мавзӯъҳои марказии чорабинӣ қарор хоҳад гирифт.

Форумро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия доир мекунанд.

Тавре дар Консепсияи форум зикр шудааст, ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва Русиро муаррифӣ намуда,  ташаббус ва моделҳои нави ҳамкориҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар назар аст, ки дар чорабинӣ аз ҳар ду ҷониб 50-нафарӣ, аз ҷумла намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршносон ва таҳлилгарон иштирок кунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ имзои созишномаву ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ байни соҳибкорони кишварҳо дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ, давоми солҳои 2007-2021 ба иқтисоди Тоҷикистон 1 млрд 648 млн доллар сармоягузориҳо аз Русия ворид шудааст, ки 15% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиии воридшударо ба кишвар дар зарфи ин 14 сол ташкил медиҳад.

Сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз Русия дар бахшҳои сохтмону алоқа, иктишофи геологӣ, миёнаравии молиявӣ, соҳаҳои тандурустӣ, савдо, энергетика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди коҳиши назарраси сармоягузориҳои Русия аз нимаи дуюми солҳои 2010-ум, аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо Чин аз Русия пегшсаф аст.

Чин бошад, баръакс, тайи даҳсолаи ахир ҳаҷми сармяогузориҳои худро ба иқтисоди Тоҷикистон зиёд кард.

Давоми солҳои 2007-2021 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3 млрд 252 млн долларро ташкил дод, ки ба 29,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди ҷумҳурӣ баробар аст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 29, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст