Дар Душанбе масъалаи тақвияти низоми идоракунии хавфҳо дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ баррасӣ шуд

Август 26, 2022 09:13

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо иштироки роҳбарону намояндагоним вазорату идораҳои марбутаи кишвар баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Иштирокчиён рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи шашуми Шӯроро муҳокима карда, гузориши масъулинро оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати самаранокии идораи молияи давлатӣ, пешбурди низоми содакардашудаи андозбандӣ, тақвияти низоми идоракунии хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, бахусус ба соҳибкорон ва таъмини дурнамои  рушди кишвар шуниданд.

Зикр шуд, ки вобаста ба вазъи ногувори  геосиёсию тиҷоратӣ дар баъзе кишварҳои минтақа, номуайяниҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молу маҳсулот, халалдор шудани занҷираи таклифот, болоравии сатҳи таваррум ва дар маҷмӯъ, коста гардидани рушди иқтисодиёти ҷаҳон мушоҳида гардид. Бинобар ин барои маҳдудсозии пайомадҳои манфӣ ва коҳиши таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ ҳамоҳангии зич бо вазорату идораҳои калидӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро доир ба таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба бозори меҳнат, тамоюли таваррум ва омилҳои ба он таъсиррасон, инчунин фазои сармоягузорӣ вобаста ба рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар рунамоиҳо пешниҳод карданд.

Гуфта шуд, ки дар ин давраи мураккаби иқтисодӣ масъалаи зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолнокии соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар,  коҳиши сатҳи таваррум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ муҳим ба ҳисоб рафта, муайян намудани чораҳо ва татбиқи ислоҳотҳо бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта ба суръати рушди соҳаҳои асосӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷом аз ҷониби Шӯро вобаста ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар баҳри зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва истифодаи технологияи нави иттилоотӣ баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирон ва мутобиқ намудани онҳо ба бозорҳои меҳнат, инчунин роҳандозии фишангҳои сиёсати монетарӣ ва дигар механизмҳо баҳри коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ барои  коҳиши хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2018 таъсис дода шудааст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 26, 2022 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад