Дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Исроил машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 август даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини Мудири кулли Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил Симона Халперин роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил 26 марти 1992 барқарор гардидаанд. Исроил истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 эътироф кардааст.
Аз 2 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел таъйин гардидааст.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






