Дар Душанбе оид ба идораи самараноки партовҳо ва пластик барои муҳофизати муҳити зист ҳамоиш доир гардид

Август 22, 2022 08:51

ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар шаҳри Душанбе бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Идораи самараноки партовҳо ва пластик барои муҳофизати муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиш дар якҷоягӣ бо Маркази экологии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» ва  иштироки шарикони рушд, намояндагони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо доир гашт. Дар он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Абдулқодир Мавлодод сухан гуфт.

Масъулони сохторҳои кумита бо маърузаву нишон додани рӯнамоҳо оид ба мавзӯъҳои мавриди назар  баромад намуданд. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ таҷрибаи ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Гурҷистон оид ба идоракунии партовҳои пластикӣ дар шакли рӯнамо пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.

Дар қисмати дигари ҳамоиш миёни иштирокдорон табодули  афкор сурат гирифта, барои иқдоми ҳамгироёна оид ба муомилоти оқилона бо партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ таклифу пешниҳодҳои судманд карда шуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Август 22, 2022 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид