Дар Екатеринбург сохтмони маркази фарҳангии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои коргарӣ, ҳамкории ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҷалби сайёҳон ва табодули фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони маркази фарҳангӣ дар Екатеринбург баррасӣ шуд.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия худи ҳамон рӯз бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск, аз ҷумла, иштироки доираҳои соҳибкорӣ дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Д.Гулмаҳмадзода бо ишора ба аҳаммияти густариши ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ҳавасмандии худро барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Федератсияи Русия изҳор намуда, аз доирахои соҳибкорӣ ҷиҳати ҳамкории фаъол даъват ба амал овард.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид






