Дар Форуми байналмилалии волонтёрони Осиёи Марказӣ Тоҷикистонро 15 нафар намояндагӣ доранд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми байналмилалии волонтёрони Осиёи Марказӣ ҷараён дорад. Дар Форуми мазкур Тоҷикистонро 15 нафар волонтёрон аз Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, волонтёрони фаъоли шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи мазкур намояндагӣ доранд. Дар ин бора сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳхусрав Аюбзод хабар дод.
Дар форум волонтёрон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок дошта, он аз 15 то 19 август идома меёбад.
Дар ҷараёни баргузории Форуми байналмилалии волонтёрони Осиё Марказӣ мутахассисон (тренерон)-и сатҳи байналмилалӣ вобаста ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ва боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба фаъолияти волонтёрӣ сухан гуфтанд.
Инчунин барои боз ҳам аз наздик шинос шудани волонтёрони Осиёи марказӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил шуданд.
Ба зикри Шоҳхусрав Аюбзод, имрӯзҳо дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ утоқи волонтёрон фаъол буда, дар он ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар шаҳри Душанбе рушду ҳаракати волонтёрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ҳисобида мешавад.
«Ин низом зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Зеро саҳми волонтёрон дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят назаррас аст»,- гуфт сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳхусрав Аюбзод.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






