Дар Хоруғ оид ба мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ даври сайёри такмили ихтисос гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 11 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» даври сайёри такмили ихтисос баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон хабар доданд, барои шунавандагони даври сайёри такмили ихтисос барномаи махсуси таълимӣ омода карда шуда, тибқи барномаи мазкур, мавзӯъҳои мубрам вобаста ба омӯзиши санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, фаъолияти шабакавии хизматчиёни давлатӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ, арзишҳои миллӣ ва нақши онҳо дар ташаккули худшиносии миллӣ, сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ, фарҳанги истифодаи интернет ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии хизмати давлатӣ ва устодони Академияи идоракунии давлатӣ дар шакли маъруза мубоҳисаҳо гузаронида шуданд.
Дар ҷамъбасти даври мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Абдуалимзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Зоҳир Қодиров ва мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси ВМКБ Хуҷаназар Имомназар иштирок намуданд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода аз рӯи барномаи таълимӣ дар мавзӯи «Заминаҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» маъруза-суҳбат доир намуд.
Дар фарҷом ба шунавандагони даври сайёр гувоҳнома супорида шуд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






