Дар Истаравшан бинои маъмурии идораи ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан бинои маъмурии бахши муҳити зист ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан соли 2020 оғоз ёфта, фармоишгари он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аркон» ва корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Манзили Кӯҳистон» ба итмом расониданд. Майдони умумии ҷудогардида 412 метри мураббаъ буда, бино аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқҳои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 25 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Дар ошёнаи дуюм — қабулгоҳ ва 5 утоқи корӣ барои кормандон ҷойгир буда, ҳамаи онҳо бо лавозимоти зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз ҷумла 4 адад компютер ва принтер таҷҳизонида шудаанд. Ошёнаи сеюм ҳамчун меҳмонхона барои кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист аз чор ҳуҷра иборат мебошад.
Раиси Кумита зикр намуд, ки фаъолияти корӣ дар чунин бинои замонавӣ, истифодаи техникаи компютерӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва дигар имконияти мавҷуда кормандони соҳаро водор месозад, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланди шаҳрвандию касбӣ иҷро намуда, дар пешрафти минбаъдаи шаҳр саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






