Дар Маркази навбунёди «Ортопедия ва технологияи муосир»-и Хуҷанд табибони варзидаи Ҳиндустон машварати ройгон доир намуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 19-20 август дар Маркази навбунёди «Ортопедия ва технологияи муосир»-и шаҳр 3 нафар табиби варзидаи кишвари Ҳиндустон машваратҳои ройгон доир намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, 3 нафар табибони варзидаи Ҳиндустон: доктор Ажитабх Шривастава, Арун Кумар Гири ва Нагеш Чандра дар Маркази навбунёди «Ортопедия ва технологияи муосир»-и шаҳри Хуҷанд оид ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла трансплантатсия, ҷигар, гепатология, ҳама намуди варамҳо, амалиёти онкологӣ, иваз кардани зонуҳои роботӣ, ҷарроҳии сутунмӯҳра ва нейрохирургия, деформатсияи устухон ва ғайра машваратҳои комилан ройгон гузаронида, беморонро ба табобат раҳнамоӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ортопедия ва технологияи муосир»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ортопедия ва технологияи муосир» аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳурӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад.
Бинои марказ аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, ташхисгоҳ, дармонгоҳ, шуъбаи рентгени рақамӣ ва стомотологӣ, 14 ҳуҷраи кории кормандон ҷойгир аст.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти тиббӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи як миллиону яксаду панҷоҳ ҳазор сомонӣ дастрас карда шудааст.
Дар марказ дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти электронӣ–оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегарданд.
Самти дигари фаъолияти марказ таълимӣ буда, дар он хатмкардагони донишгоҳҳои тиббӣ метавонанд такмили ихтисос намуда, давраи интернатура ва ординатураи клиникавии худро гузаронанд.
Ба шарофати ба истифода додани ин марказ 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб ва дигар шаҳрвандон бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






