Дар масири Душанбе-Волгоград, Хуҷанд-Волгоград, Кӯлоб-Волгоград қатораҳои мусофирбар ба ҳаракат медароянд
ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар масири Душанбе-Волгоград-Душанбе, Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ва Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб ҳаракати қатораҳои мусофирбарро шурӯъ аз охири моҳи август ва нимаи аввали сентябри соли равон ба роҳ мемонад. Дар ин бора ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Вазир гуфт, ки 30 август қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград ва 7 сентябр аз Хуҷанд ба Волгоград сафар мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъди таваққуфи дусола дар иртибот ба пандемияи COVID-19 дар самти мусофирбарии байналмилалӣ ва ташаббусҳои Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 20 июни соли равон ҳаракати қатораи мусофирбар дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе барқарор гардид, ки он на танҳо дастоварди муҳими роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон аст, балки дар рушди иқтисодиёти кишвар низ нақши муассир мегузорад.
Азим Иброҳим афзуд, ки «бо мақсади барқарор намудани ҳаракати қатораҳои мусофирбар бо роҳи оҳани дигар кишварҳо, бахусус Қазоқистон ва Русия корбарӣ идома дорад».
Бо дахли дастовардҳои роҳиоҳанчиёни кишвар Азим Иброҳим зикр намуд, ки соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳан 2 миллиону 759 ҳазор тонна бор бо гардиши 120,4 миллион тонна-км ва 215,1 ҳазор мусофир бо гардиши 10 миллион мусофир –км интиқол дода шуд, ки тибқи ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ беш аз 102 фоиз, гардиши бор 102,4 фоиз, мусофирбарӣ 100,7 фоиз ва гардиши мусофирон 101 фоизро ташкил дод.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кард, ки ҷиҳати дастгирии мизоҷон ва зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар аз 30 то 90 фоиз ва барои мусофирон дар самти дохилӣ 60 фоиз сабукиҳо пешниҳод гардидаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод






