ДАР МАВҶ БАРНОМАИ «ГУФТУГӮ»-И РАДИОИ «ХОВАР». Дар доираи Солҳои рушди саноат дар Хоруғ 20 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад

Август 9, 2022 08:28

ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беҳтар гардида, феълан дар марҳилаи рушду такомул қарор дорад. Ба иттилои Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, имсол дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) масъулин тасмим гирифтаанд, ки 20 корхонаи саноатӣ  бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд.

Албатта,  ин иқдом барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи  зиндагии сокинон ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 100 иншооти таъйиноташон гуногунро ба нақша гирифтааст, ки имрӯзҳо сохтмони қисмате аз онҳо шурӯъ гардидааст.

Хоруғ  дорои захираҳои бойи табиӣ низ мебошад, зеро ҳанӯз соли 1928 дар ин водии зархез бар асари корҳои геологӣ-тадқиқотӣ манбаи зиёди ашёи хом, аз қабили  конҳои намак, оҳан, мис, молибден, сурб, тилло, асбест, кварс, ёқут, лоҷувард ва гавҳар кашф гардид.

Шарҳи бештари мавзӯъро оид ба ҳолати иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ зимни суҳбати  хабарнигор ва муаллифи барнома Нарзулло АЛИЗОДА бо Раиси шаҳри Хоруғ Ризо НАЗАРЗОДА дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» имрӯз, соати 09:30 (асл) ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 аз мавҷи 101,5 FM бишнавед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2022 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид