Дар нахустин Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 12 нафар намояндагӣ мекунанд

Август 9, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 11 то 15 август нахустин бор дар шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бадминтони Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 писар ва 6 духтар, дар маҷмӯъ 12 нафар намояндагӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки бадминтон яке аз бозиҳои қадимии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, намуди варзиши олимпӣ мебошад. Дар бадминтон ду бозингар ё ду даста иборат аз ду нафар бо ҳам рақобат мекунанд. Мутахассисони соҳаи варзиш бадминтонро ба гурӯҳи варзиши неруталаб шомил карда, дар он ҳушёрӣ ва зеҳни хуб доштани варзишгарро ба назар мегиранд.

Баҳри муваффақона баргузор намудани ин мусобиқа барои доварони риштаи бадминтон машғулияти омӯзишӣ баргузор шуда, мутахассисони Федератсияи бадминтон низ ҷиҳати такмили ихтисос ва касби таҷриба ба кишвари Малайзия сафар кардаанд.

Аввалин Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон дар Душанбе миёни ҷавонони аз 15 то 17-сола доир мешавад.

Дар мусобиқа бадминтонбозони беҳтарин аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки макони баргузории мусобиқаи мазкур «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 9, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд