Дар Палатаи савдо ва саноат имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби сармояи мустақими Ҷумҳурии Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштарак ва имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия — Туркер Атеш ва менеҷери Минтақаи махсуси саноатии муташаккили саноатии омехта ва нассоҷии минтақаи Болу Мустафо Гулен баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ ба онҳо маълумот дод. Ҳамчунин ӯ меҳмонҳоро даъват намуд, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Болу зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратӣ дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Ҷаноби Туркер Атеш баргузории намоишҳои зикргардидаро барои рушди фаъолияти бахши хусусӣ иқдоми нек шуморида, иброз намуд, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Туркия дар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда тадбир меандешанд.
Манзура Рустамова зимни мулоқот ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак, имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ, имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати кишвар доир ба дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва рушди табодули молу маҳсулот миёни кишварҳои якдигар ба меҳмонон маълумоти мушаххас ва Роҳнамои тиҷоратӣ пешниҳод намуд.
АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






