Дар Русия барои муҳоҷирон навовариҳои васеъмиқёс ҷорӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин иқдоми ташкили марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон дар Федератсияи Русияро дастгирӣ намуд. Дар ин бора сарвари давлат дирӯз, 29 август зимни мулоқот бо раиси Агентии федеролӣ оид ба кор бо миллатҳо Игор Баринов изҳор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Зимни суҳбат бо Путин Баринов дар бораи нақшаи таъсиси чанд маркази мутобиқшавӣ барои шаҳрвандони дигар давлатҳо дар якчанд минтақаи Русия сухан гуфт.
«Мардум бояд бифаҳманд: агар онҳо ба Русия меоянд, бояд урфу одатҳои моро эҳтиром кунанд, қонунҳои Русияро донанд ва риоя намоянд», — таъкид кард президент.
Ба ғайр аз ин, сарвари давлат даъват кард, ки ба ҷудокунии иҷтимоии муҳоҷирон аз ҷумҳуриҳое, ки меоянд, роҳ надиҳанд.
Баринов дар навбати худ зикр кард, ки мутахассисон аллакай ба таҳияи маҷмӯи тадбирҳо оид ба ин мавзӯъ шурӯъ кардаанд. Онҳо имкон медиҳанд аз ҷудокунии маконӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ худдорӣ карда шавад.
Ба андешаи сарвари Русия, ба ин кор бояд созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ҷалб карда шаванд.
«Бояд ҳанӯз аз ватани муҳоҷирони эҳтимолӣ оғоз кард»,-тавзеҳ дод Путин. Вай гуфт, ки «бо ин ақида ҳамкорони мо розӣ ва омодаи иштироканд».
Сарвари давлат зарурати нишон додани фаъолнокии бештарро дар ҳалли ин масъала таъкид намуд.
«Касе муқобил нест, касе эътироз намекунад. Баръакс, дар Узбекистон, дар Тоҷикистон, дар Қирғизистон — марҳамат, онҳо ҳама ин корро бо қаноатмандӣ мекунанд. Мо танҳо бояд дар он ҷо фаъолтар бошем, онҳо ҳатто ба ин ҳавасманданд»,- гуфт Путин.
Вай афзуд, ки дар ватани муҳоҷирон низ зарурати мутобиқ кардани шаҳрвандонашонро ба зиндагии кишвари дигар дарк мекунанд. Онҳо бояд фарҳанги маҳаллӣ, забон ва қонунгузориро донанд.
Акс: KP.RU








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






