Дар Суғд оид ба омӯзиши технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои кӯҳна машварат доир шуд

Август 13, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маҷлисгоҳи «Боғи миллии Ваҳдат» дар мавзӯи «Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои кӯҳна» машварати илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ангурпарвар иштирок намуданд.

Тавре маълумот дода шуд, хоҷагии ангурпарварӣ соли 2015 дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии хоҷагии ангурпарварии «Дӯстӣ» 3 гектарро ташкил дода, дар он 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои «ҳусайнӣ», «шоҳона», «победа», «ҳусайнии сиёҳ» ва дигар намудҳо барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот парвариш карда мешаванд.

Дар вилояти Суғд беш аз 20 навъи ангур парвариш гардида, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати токзорҳои наву муосир зиёд гардида истодааст.

Зимни машварат зикр гардид, ки бояд бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони Ҳисор ва Турсунзода дар минтақаҳои вилоят чунин токзорҳо бунёд карда шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли ангур, таъмини бозори дохилӣ ва содироти ин мева тадбир андешида шавад.

Иштирокдорони машварат бо тарзу усулҳои нави ангурпарварӣ шинос гардиданд.

Дар қисмати назариявӣ аз ҷониби Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва олимону мутахассисон тавсияҳои судманд дода шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 13, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд