Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия» баргузор мегардад

Август 25, 2022 08:54

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Андрей Руденко мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати ҶТ дар ФР хабар доданд.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкории ду кишвар масоили марбут ба рушди минбаъдаи робитаҳои  Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Миёни  ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идомаи мулоқот ҳайати Русияро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.

АКС: Сафорати ҶТ дар ФР

Август 25, 2022 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд