Дар Тоҷикистон Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон бунёд менамояд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, марказҳои мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» ба истифода дода мешаванд.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар идома доранд. Он тибқи лоиҳа 3- ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад.
Инчунин дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Дар марказҳои хизматрасонӣ бо муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокӣ дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо машғулиятҳои дахлдор гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешаванд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






