ДАР ТОШКАНД ФОРУМИ ДУЮМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ДОИР МЕШАВАД. Бо ибтикори Тоҷикистон он бори аввал моҳи июни соли гузашта баргузор шуда буд

Август 12, 2022 12:24

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар Форуми дуюми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки 16-17 августи соли 2022 дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд. «Иштирокдорони форум иқтисодиёти рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои сабз, ҳамкорӣ байни минтақаҳо дар соҳаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои марбутаро баррасӣ хоҳанд кард», — иттилоъ доданд дар вазорат.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон, дар доираи форум ҳамчунин баргузории ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои панелӣ, мулоқоти дуҷониба ва гуфтушунидҳои корӣ дар назар аст. Ҳайатҳои кишварҳои СҲШ дурнамои ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкории саноатиро баррасӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Форуми иқтисодии СҲШ 23-24 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» баргузор гардида буд. Форум худро ҳамчун платформаи муассири муколама муаррифӣ кардааст, ки ба рушд ва таҳкими минбаъдаи шарикӣ дар дохили созмон мусоидат мекунад.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, бо мақсади тақвияти ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи тиҷорату иқтисод Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли гузашта ташаббусро доир ба гузаронидани Форуми иқтисодии СҲШ, ки барои мусоидат намудан ба барқарории робитаҳои мустақим ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, таҳкими робитаҳои субъектҳои иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои узви СҲШ, инчунин муттаҳидсозии иқтидори иқтисодии кишварҳои узви СҲШ пешбинӣ шудааст, ба миён гузошт.

Бо ин мақсад Консепсияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай таҳия ва барои баррасӣ ба ҷонибҳо пешниҳод гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба тасвиб расид.

СҲШ созмони байналмилалиест, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон аъзои доимии СҲШ мебошанд.

Кишварҳои нозир: Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (ба таври расмӣ барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардааст) мебошанд.

Кишварҳои шарик: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд. Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарикӣ оид ба муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

 

Август 12, 2022 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид