ДАР ТОШКАНД ФОРУМИ ДУЮМИ ИҚТИСОДИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ДОИР МЕШАВАД. Бо ибтикори Тоҷикистон он бори аввал моҳи июни соли гузашта баргузор шуда буд

Август 12, 2022 12:24

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар Форуми дуюми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки 16-17 августи соли 2022 дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд. «Иштирокдорони форум иқтисодиёти рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои сабз, ҳамкорӣ байни минтақаҳо дар соҳаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои марбутаро баррасӣ хоҳанд кард», — иттилоъ доданд дар вазорат.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон, дар доираи форум ҳамчунин баргузории ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои панелӣ, мулоқоти дуҷониба ва гуфтушунидҳои корӣ дар назар аст. Ҳайатҳои кишварҳои СҲШ дурнамои ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкории саноатиро баррасӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Форуми иқтисодии СҲШ 23-24 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» баргузор гардида буд. Форум худро ҳамчун платформаи муассири муколама муаррифӣ кардааст, ки ба рушд ва таҳкими минбаъдаи шарикӣ дар дохили созмон мусоидат мекунад.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, бо мақсади тақвияти ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи тиҷорату иқтисод Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли гузашта ташаббусро доир ба гузаронидани Форуми иқтисодии СҲШ, ки барои мусоидат намудан ба барқарории робитаҳои мустақим ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, таҳкими робитаҳои субъектҳои иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои узви СҲШ, инчунин муттаҳидсозии иқтидори иқтисодии кишварҳои узви СҲШ пешбинӣ шудааст, ба миён гузошт.

Бо ин мақсад Консепсияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай таҳия ва барои баррасӣ ба ҷонибҳо пешниҳод гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба тасвиб расид.

СҲШ созмони байналмилалиест, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон аъзои доимии СҲШ мебошанд.

Кишварҳои нозир: Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (ба таври расмӣ барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардааст) мебошанд.

Кишварҳои шарик: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд. Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарикӣ оид ба муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

 

Август 12, 2022 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор тавсеа меёбад
Дар Душанбе масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд дар соҳаи обрасонӣ ва санитария баррасӣ шуд
Кишоварзони Тоҷикистон дар майдони беш аз 180 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Дар Тоҷикистон низоми электронии E-PERMIT ба кор дароварда шуд
Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳолиёр Қурбонов»-и Қубодиён дар 11 гектар меваю зироат парвариш мешавад
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Панҷ дар 2 гектар гармхонаҳои доимӣ бунёд намудааст
Дар Душанбе дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР баррасӣ гардид
Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд