ДАСТОВАРДИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК! Хонандаи тоҷик Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» соҳиби Ҷом, Шоҳҷоиза ва медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки аз 31 июл то 7 август дар шаҳри Лондони Британиёи Кабир ҷараён дорад, аз рӯи 4 бахш ва категорияи «ИГЛЕТС» қаҳрамон, соҳиби Ҷом ва Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Дар маҷмӯъ 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи иштирок намуданд.
Ба иттилои Директори «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода, хонандагони мактабҳои вилояти Суғд, аз ҷумла муассисаҳои таълимии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Бӯстон дар бахшҳои гуногун дар маҷмӯъ 13 медал ба даст оварданд.
Ҳамчунин омӯзгори фанни англисии «Литсейи давлатии №1»-и ноҳияи Восеъ Ҷамолиддин Фаттоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки хонандаи синфи 8-и литсейи мазкур Омина Худойқулова дар олимпиада мазкур соҳиби ҷои якум ва медали тилло гардид.
Ҳамин тариқ намояндагони Тоҷикистон бо дастоварди беназир мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми саввумро ишғол намуданд.
Олимпидаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам ширкат варзиданд.
Ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, иштирокчиёне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат гиранд.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русиву англисӣ дар Тоҷикистон бештар шуда, Ҳукумати мамлакат дар ин самт дастурҳои мушаххас меандешад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бахусус омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манобеи боз










Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






