Душанбе мизбони форумҳои сармоягузории Тоҷикистон-Корея, Кувайт, Русия, Саудӣ ва Британияи Кабир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии имконияту иқтидорҳои сармоягузории ҷумҳурӣ соли равон дар Душанбе форумҳои сармоягузории Тоҷикистон — Корея, Тоҷикистон — Кувайт, Тоҷикистон – Русия, Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон – Британияи Кабир ва инчунин Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе баргузор шаванд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иттилоъ дод, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани форумҳои сармоягузорӣ корҳо оғоз гардидаанд.
Ҳамзамон Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор гардиданд.
Дар чаҳорчӯби онҳо бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии Мисри Араб, Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Узбекистон беш аз 90 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии қариб 1,1 миллиард доллар ба мувофиқа расонида шуданд, ки ин ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






