ДЗЮДО. 9 нафар паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 август дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар паҳлавонон намояндагӣ менамоянд, хабар доданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73кг ҳунармоӣ мекард, дараҷаи вазни худро иваз кард. Аз ин пас ӯ дар вазни то 81кг баромад мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо барои Чемпионати Осиё чунин аст: Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо Шодмон Ризоев- ҳарду дар вазни то 81кг, Комроншоҳ Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов- ҳарду дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳавони маъруф Темур Раҳимов дар вазни +100кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.
Баъди хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ дар рӯзи охири чемпионат рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад. Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат меварзанд.
Барномаи баргузорӣ:
3 август | Чоршанбе
Қуръакашӣ
Оғоз: 13:00
Рӯзи 1 | 4 август | Панҷшанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg
Рӯзи 2 | 5 август | Ҷумъа
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg
Рӯзи 3 | 6 август | Шанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg
Рӯзи 4 | 7август | Якшанбе
Рақобатҳои даставӣ
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00
Ҳамаи рақобатҳо бо вақти Душанбе сурат мегиранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






