ЭҲТИЁТ БОШЕД, ФАЪОЛНОКИИ ОФТОБӢ! Даври баландтарини он ба солҳои 2022-2023 рост меояд
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Авҷи нави тибқи ҳисобҳо 25-ум аз давраи оғози мушоҳидаҳо марҳилаи фаъолнокии офтобӣ ба солҳои 2022-2023 рост меояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба ТАСС ходими калони илмии расадхонаи Пулково Юрий Наговитсин иттилоъ додааст.
Қаблан расонаҳо пешгӯии таҳлилгарони бонки сармоягузории Дания «Saxo Bank»-ро нашр карда буданд, ки дар он коршиносон бадтарин барномаи рушди иқтисоди ҷаҳониро дар соли 2019 арзёбӣ намуда буданд. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки бо cap шудани давраи 25-уми фаъолнокии Офтоб тӯфони пурзӯри офтобӣ ба амал меояд, ки моҳвораҳои нимкураи ғарбиро нобуд хоҳад сохт. Ин дар навбати худ, бино ба таҳлили коршиносон ба бесарусомонӣ дар самти GPS оварда, тақрибан 2 триллион доллар зиён мерасонад.
«Он чи ки ба оғози давраи офтобӣ дахл дорад, он метавонад соли 2019, вале ба эҳтимоли зиёд соли 2020 оғоз шавад. Аммо ин танҳо оғози давраи офтобӣ буда, ҷараёни бузурги геомагнитиеро, ки аз фаъолияти Офтоб ба вуҷуд меояд, интизор набояд шуд. Авҷи давраи офтобӣ, замоне ки дурахши пурқувват дар Офтоб воқеан ҳам имконпазир мегардад, ба солҳои 2022-2023 рост меояд»,- иброз дошт Наговитсин ба ТАСС.
Ба ҳар ҳол, дар сурати сар задани шуълаи начандон шадидтарин инфрасохтори Замин метавонад осеб бинад ва ҳам хадамоти изтирорӣ ва ҳам сокинони одӣ бояд ба ин омода бошанд. «Дар тӯли давраи мушоҳидашаванда ду-се шуълаи шадиде ба вуқӯъ омадааст. Ҳамин гуна дар солҳои 60-уми асри XIX дар вақти ба амал омадани шуълаи шадид телеграф дурахшид ва дар асри XX дурахши офтобӣ музофоти Квебеки Канадаро ба муддати 6 соат бидуни қувваи барқ гузошт»,-зикр намуд Наговитсин.
Дар бораи давраҳои фаъолияти офтобӣ
Давранокии фаъолияти Офтобро нуҷумшиносон дар миёнаи асри XIX кашф карданд. Одатан, силсиладавраҳоро 11-сола меноманд; онҳо бо афзоиши нисбатан босуръати фаъолияти офтобӣ, ки дар тӯли се-чор сол рух медиҳанд ва тадриҷан, тақрибан ҳафт сол коҳиш меёбанд, тавсиф мешаванд.
Аммо, тавре Наговитсин иброз намуд, давраҳои офтобӣ ба тақвими қатъӣ тобеъ нестанд ва дарозии онҳо аз ҳафт то ҳабдаҳ сол фарқ карда метавонад.
АКС аз манбаъҳои боз








Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






