ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки аз 20 то 26 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат менамояд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин мусобиқа ба ҷуз аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби яккачини Тайиланд, Малайзия, Тринидад ва Тобаго ширкат мекунанд.
Дар асоси низомномаи мусобиқот бозиҳои ½-ниҳоӣ 22 сентябр баргузор мешаванд.
Сипас, ғолибони даври нимниҳоӣ 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ иштирок карда, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Акс: ФФТ








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






