ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» иштирок мекунад

Август 13, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби  футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки аз 20 то 26 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат менамояд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин мусобиқа ба ҷуз аз дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби яккачини Тайиланд, Малайзия, Тринидад ва Тобаго ширкат мекунанд.

Дар асоси низомномаи мусобиқот бозиҳои ½-ниҳоӣ 22 сентябр баргузор мешаванд.

Сипас, ғолибони даври нимниҳоӣ 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ иштирок карда, дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

                                                                                                          Акс: ФФТ

Август 13, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид