ГУБЕРНАТОР АЗ СИБИР БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД. Вилояти Хатлони мо ва вилояти Омски Русия созишномаи ҳамкорӣ омода мекунанд

Август 10, 2022 12:32

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Омски Русия нақша доранд дар ҷараёни сафари ҳайати Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 9 август зимни мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск Ятим Давлатхоҷа бо муовини нахуствазири вилояти Русия Дмитрий Ушаков хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Омскрегион.

«Зимни мулоқот диққати ҳамаҷониба ба масъалаи ташрифи намояндагии вилояти Омск таҳти роҳбарии губернатори минтақа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон равона карда шуд»,-гуфта мешавад дар иттиллоия.

«Мо шодем, ки шуморо дар арафаи таҷлили Рӯзи шаҳри Омск қабул менамоем. Имсол мо ҳамчунин 200-солагии таъсиси вилояти Омскро таҷлил мекунем. Тоҷикистон яке аз шарикони тиҷорати хориҷии минтақаи мо ба шумор меравад. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила соли гузашта 3,5 миллион долларро ташкил дод. Мо мебинем, ки зиёд кардани ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ имконпазир аст ва инчунин иқтидоре, ки мавҷуд аст, ба кор андохта мешавад»,-зикр  намуд зимни вохӯрӣ  Дмитрий Ушаков.

Миёни корхонаҳои саноати хӯроквории вилояти Омск ва Тоҷикистон муносибот роҳандозӣ шудаанд. Корхонаи Омск аллакай ба Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳо, равғани маъсар ворид мекунад.


«Мо ҳавасманди робитаҳои доимӣ ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, орд, ярма, маҳсулоти макаронӣ ҳастем. Вилояти Омск ба гурӯҳи пешқадамони Сибир аз ҷиҳати ғаллакорӣ дохил мешавад. Мо ҳамасола беш аз 3 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ мекунем, ки аз ин 1,5 млн тоннаи онро берун аз минтақа интиқол медиҳем. Мо метавонем деҳқонони шуморо бо тухмии зироати ғалладона, лӯбиёгӣ ва маъсар таъмин карда, кори муштараки селексионӣ гузаронем»,-иброз дошт Дмитрий Ушаков.

Консули генералӣ Ятим Давлатхоҷа иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ муносибатҳои ду кишварро густариш додан хеле муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо вилояти Омск ба ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва тиҷорати мутақобила ҳавасманд аст.

«Фикр мекунам, ки бо кӯшиши якҷоя мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ба манфиати кишвар ва мардумамон мерасем»,-изҳор дошт Ятим Давлатхоҷа.

Дар соли равон аз Тоҷикистон губернатори вилояти Омск Александр Бурков дидан  мекунад. Дар ҷараёни боздид ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон дар назар аст.

АКС: Евгений Кармаев

Август 10, 2022 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид