Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 нафар хизматчиёни давлатии мамлакат дар доираи лоиҳаи маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8 август дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ-магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Ҷопон мулоқот намуд.
Мувофиқи ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордод миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон оид ба хизматрасонӣ соли 2022 низ 16 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 15 нафар ба магистратура ва 1 нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон интихоб ва барои таҳсил ба Ҷопон фиристода мешаванд.
Ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ-хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 аз вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, фарҳанг, энергетика, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мебошанд.
Дилноза Аҳмадзода талаботи таҳсил дар хориҷи мамлакат, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи сеҷонибаи баимзорасида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро бори дигар тавзеҳ дода, ба магистрантон ва докторанти тозаинтихоб барои сафар ва хатми муваффақонаи зинаи илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон сарбаландӣ таманно намуд.
Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати ба донишгоҳҳои Ҷопон (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ аз соли 2009 инҷониб амалӣ карда мешавад.
Дар заминаи ҳамкории мазкур дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Ҷопон Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Фаъолияти комиссияи мазкур ба ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Ритсумейкан ва Донишгоҳи Акита ба таҳсил фиристода мешаванд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






