Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд

Август 10, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 нафар хизматчиёни давлатии мамлакат дар доираи лоиҳаи маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8 август дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ-магистрантони тозаинтихоби донишгоҳҳои Ҷопон мулоқот намуд.

Мувофиқи ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордод миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон оид ба хизматрасонӣ соли 2022 низ 16 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 15 нафар ба магистратура ва 1 нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон интихоб ва барои таҳсил ба Ҷопон фиристода мешаванд.

Ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ-хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 аз вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, фарҳанг, энергетика, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мебошанд.

Дилноза Аҳмадзода талаботи таҳсил дар хориҷи мамлакат, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи сеҷонибаи баимзорасида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқиро бори дигар тавзеҳ дода, ба магистрантон ва докторанти тозаинтихоб барои сафар ва хатми муваффақонаи зинаи илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон сарбаландӣ таманно намуд.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ бо  Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати ба донишгоҳҳои Ҷопон (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ аз соли 2009 инҷониб амалӣ карда мешавад.

Дар заминаи ҳамкории мазкур дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Ҷопон Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Фаъолияти комиссияи мазкур ба ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Ритсумейкан ва Донишгоҳи Акита ба таҳсил фиристода мешаванд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд