Хоҷагии фермерии «Расим»-и ноҳияи Шуғнон яке аз беҳтаринҳо дониста шуда, соҳиби 30 ҳисса замини иловагӣ мегардад
ХОРУҒ, 07.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани иқдоми неку шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замини корам ва аз он гирифтани ҳосили дилхоҳ хоҷагидорони ноҳияи Шуғнон аз тамоми имконият истифода менамоянд. Дар баробари дигар хоҷагиҳои деҳқонии қаламрави ноҳия беш аз 5 сол боз хоҷагии фермерии мавсум ба «Расим», ки сарварии онро Сангин Мубашширов ба зимма дорад, фаъолияти густурда дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Хоҷагии мазкур фаъолияташро аз чорводорӣ оғоз карда, дар замини нокорам боғ бунёд намуд. Бо афзоиши шумораи чорвои калон даромад аз ҳисоби фурӯши гӯшту шир, дуғу панир, ҷурғоту равғани маска, меваю сабзавот рӯ ба афзоиш ниҳод. Сарвари ин хоҷагӣ гуфт, ки “бо маслиҳати аҳли оила аз маблағи пасандоз фермаи хурди парвариши мурғ, мурғобӣ ва мурғи марҷон ташкил намудем. Дар деҳаи мо замини ҳамвору киштбоб кам аст. Ҳамагӣ 6 ҳисса замини корам дорем ва талош мекунем, ки онро хеле сарфакоронаву самаранок истифода барем. Аз ин қитъаи замин ҳам хӯрок барои чорво, ҳам дон барои мурғон ва ҳам меваю сабзавот ба даст меорем”. «Ҳамсарам Қурбонсултон аз маҳсулоти ширӣ дуғ, қаймоқ, чурғот, паниру қурут ва аз меваю сабзавот ҳар гуна нӯшоба, мураббову шарбат омода намуда, дар бозори ноҳия ва шаҳри Хоруғ ба фурӯш мегузорад. Талабот ба маҳсулоти ширӣ, бахусус агар он тоза бошаду ягон иловагиҳои кимиёӣ надошта бошад, хеле зиёд аст. Ба наздикӣ Раиси вилоят Мирзонабот Алишер ва Раиси ноҳия Ҷумъа Шофақир дар меҳмонии хонаводаи мо буданд. Бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии мо шинос шуданд. Онҳо диданд, ки аз ҳар ваҷаб замини корам ҳам барои оилаи худ маҳсулоти зарурӣ захира мекунем ва ҳам бозори ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавоти тару тоз таъмин мекунем, ваъда доданд, ки барои рушди минбаъдаи хоҷагиамон боз 30 ҳисса замин ҷудо мекунанд»,- афзуд Сангин Мубашширов.
Ҳамсари сарвари ин хоҷагӣ Қурбонсултон Муборакқадамова низ аз дастгирии раҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия изҳори хушҳолӣ намуда, гуфт, ки “агар масоҳати қитъаи замин васеъ гардад, онҳо метавонанд корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва меваю сабзавот бунёд намуда, маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи муосир истеҳсол карда, ба бозор бароранд”.
АКС: АМИТ «Ховар»








Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд






