Хоҷагии фермерии «Расим»-и ноҳияи Шуғнон яке аз беҳтаринҳо дониста шуда, соҳиби 30 ҳисса замини иловагӣ мегардад

Август 7, 2022 09:08

ХОРУҒ, 07.08.2022  /АМИТ  «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани иқдоми неку шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замини корам ва аз он гирифтани ҳосили дилхоҳ  хоҷагидорони ноҳияи Шуғнон аз тамоми имконият истифода менамоянд. Дар баробари дигар хоҷагиҳои деҳқонии қаламрави ноҳия беш аз 5 сол  боз хоҷагии фермерии мавсум ба «Расим», ки сарварии онро  Сангин Мубашширов ба зимма дорад,  фаъолияти густурда дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Хоҷагии мазкур фаъолияташро аз чорводорӣ оғоз карда, дар замини нокорам боғ бунёд намуд. Бо афзоиши шумораи чорвои калон  даромад аз ҳисоби фурӯши гӯшту шир, дуғу панир, ҷурғоту равғани маска, меваю сабзавот  рӯ ба афзоиш ниҳод. Сарвари ин хоҷагӣ гуфт, ки “бо маслиҳати аҳли оила аз маблағи пасандоз фермаи хурди парвариши мурғ, мурғобӣ ва мурғи марҷон ташкил намудем. Дар деҳаи мо замини ҳамвору киштбоб кам аст. Ҳамагӣ 6 ҳисса  замини корам дорем ва талош мекунем, ки онро хеле сарфакоронаву самаранок истифода барем. Аз ин қитъаи замин ҳам хӯрок барои чорво, ҳам дон барои мурғон ва ҳам меваю сабзавот ба даст меорем”. «Ҳамсарам Қурбонсултон аз маҳсулоти ширӣ дуғ, қаймоқ, чурғот, паниру қурут ва аз меваю сабзавот ҳар гуна нӯшоба, мураббову шарбат омода намуда, дар бозори ноҳия ва шаҳри Хоруғ ба фурӯш мегузорад. Талабот ба маҳсулоти ширӣ, бахусус агар он тоза бошаду ягон иловагиҳои кимиёӣ надошта бошад, хеле зиёд аст. Ба наздикӣ Раиси вилоят Мирзонабот Алишер ва Раиси ноҳия Ҷумъа Шофақир дар меҳмонии хонаводаи мо буданд. Бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии мо шинос шуданд. Онҳо диданд, ки аз ҳар ваҷаб замини корам ҳам барои оилаи худ маҳсулоти зарурӣ захира мекунем ва ҳам бозори ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавоти тару тоз таъмин мекунем, ваъда доданд, ки барои рушди минбаъдаи хоҷагиамон боз 30 ҳисса замин ҷудо мекунанд»,- афзуд Сангин Мубашширов.

Ҳамсари сарвари ин хоҷагӣ Қурбонсултон Муборакқадамова низ аз дастгирии раҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия изҳори хушҳолӣ намуда, гуфт, ки “агар масоҳати қитъаи замин васеъ гардад, онҳо метавонанд корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва меваю сабзавот бунёд намуда, маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи муосир истеҳсол карда, ба бозор бароранд”.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Август 7, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд