Имрӯз Агентии омор, Маркази миллии тестӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 август Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Саридораи геология соати 08:00 дар Саридораи геология баргузор мегардад.
Агентии омор нишасти матбуотиро соати 09:30 дар Агентии омор доир менамояд.
Нишасти матбуотии Маркази миллии тестӣ соати 11:00 дар Маркази миллии тестӣ барпо мешавад.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






