Кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар майдони 6480 гектар кишти такрорӣ гузарониданд

Август 7, 2022 09:41

ВАҲДАТ, 07.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ваҳдат пас аз рӯёндани ҳосили гандум, пиёз, картошкаи барвақтӣ ва дигар намуди сабзавот дар майдони умумии 6480 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки аз ин 900 гектарро мош, 2092 гектарро ҷуворимакка барои дон, 2217 гектарро ҷуворимакка барои хӯроки чорво, 190 гектарро офтобпараст ва 1000 гектарро дигар намуди сабзавот ташкил медиҳад. Дар ин бора сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат Зафар Искандаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Кишоварзону заминдорони шаҳри Ваҳдат дар кишти такрорӣ бештар мошу ҷуворимакка кишт менамоянд, то ҳосили хуб ба даст оварда, чорворо бо хӯрок таъмин намоянд.

Соли равон барои кишоварзони шаҳри Ваҳдат соли бобаракат омад. Онҳо аз майдони умумии 6134 гектар ғалладонагиҳо 20 523 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамчунин то имрӯз 21 642 тонна картошка, 38 669 тонна сабзавот, 2625 тонна карам, 7645 тонна бодиринг, 7985 тонна помидор, 9547 тонна сабзӣ ва 10 121 тонна пиёз ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоштанд.

Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Толибҷон Холов иброз дошт, ки «Ҷамоати деҳоти Симиганҷ аввалин шуда, нақшаи кишти такрориро 101 фоиз иҷро намуд, ки 523 гектарро ташкил медиҳад. Дар кишти такрорӣ кишоварзони ҷамоат дар 170 гектар ҷуворимаккаи дон, дар 20 гектар офтобпараст, дар як гектар картошка, дар 80 гектар сабзавот, дар 100 гектар лӯбиёгӣ ва дар 152 гектар хӯроки чорво кишт намуданд».

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Симиганҷ кишти такрорӣ идома дошта, деҳқонону сокинони ҷамоат дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашки кори худ намуда, заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва кишоварзиро самаранок истифода намуда, дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»