Маҳмадшариф Ҳақдод бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар шаҳри Минск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия Маҳмадшариф Ҳақдод бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Минна Мари Моруджарви баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Финляндия табодули афкор намуданд.
Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия 22 феврали соли 1992 барқарор шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 13 январи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадшариф Ҳақдод Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия таъйин карда шуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






