Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон бори аввал дар намоишгоҳи «Central Asian Fashion» муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бори нахуст маҳсулоти нассоҷии худро дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion», ки имрӯз дар шаҳри Алмато оғоз шуд, ба маърази тамошо гузошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад.
Намоишгоҳ то 12 август идома ёфта, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ иштирок мекунад.
Дар намоишгоҳи «Central Asian Fashion» гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти панҷ корхонаи дӯзандагии ватанӣ- «Гулистони Душанбе», «ТоҷТекс», «Ортекс»-у «Раҳимов А.А.» ва «Ноҳид» (Истаравшан), ки аз либоси мардонаву занона ва кӯдакона, трикотаж, либоси таҳпӯш, либоси варзишӣ ва либосҳои гуногуни корӣ иборатанд, мукаммал менамоянд.
Панҷ корхонаи дигар, назири «Гулдастон» ва «Сифат Саноат» аз Душанбе, «Нассоҷи Хуҷанд» аз Хуҷанд, «КОТА Глобал» аз Бохтар ва ҳамкори нави МТБ – «Ботур» аз Конибодом ба ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ барои шиносоӣ бо бозори нассоҷиву дӯзандагии Қазоқистон шомиланд.
«Central Asia Fashion» яке аз куҳантарин намоишгоҳҳои мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, дар як сол ду бор баргузор мешавад. Он ба ҳайси пойгоҳи муҳиме барои барқарории тамосҳои тиҷоратӣ, имконияти хубе барои тарғибу муаррифии маҳсулот ва намоиши он ба тамошобинони касбӣ аз тамоми минтақа шинохта шудааст.
АКС: Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






