МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Имрӯз давраи азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 август давраи азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доир шуда, натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии «Довталаб», яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 19 август эълон мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар озмуни тақсимоти такрорӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022, аз ҷумла бинобар ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудани довталабони дар тақсимоти такрорӣ комёбшуда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Барои иштирок дар ин тақсимот довталабони хоҳишманд бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд. Агар довталаб бо сабабе ин паёмак (SMS)-ро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш тавассути рақамҳои 224 53 68 ва 224 53 73 бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.

Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок кардан доранд:
— довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
— довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсим шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд






