Масъалаи рушди табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

Август 17, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 август муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд, зимни мулоқот Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес–форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ маълумот дода, аз  сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, мусоидат намояд.

Сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон баргузории чорабиниҳои зикргардидаро дар рушди бахши хусусӣ иқдоми нек шуморида, иброз дошт, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар чорабиниҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Манзура Рустамова ҷиҳати ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Август 17, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд