Масъалаи рушди табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 август муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд, зимни мулоқот Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес–форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ маълумот дода, аз сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, мусоидат намояд.
Сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон баргузории чорабиниҳои зикргардидаро дар рушди бахши хусусӣ иқдоми нек шуморида, иброз дошт, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар чорабиниҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Манзура Рустамова ҷиҳати ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






