Нархи тилло дар пайи сафари Пелосӣ ба Тайван то 1,8 ҳазор доллар барои як унсия боло рафт

Август 3, 2022 11:08

ДУШАНБЕ, 03.08.2022  /АМИТ «Ховар»/. Арзиши як унсия тилло дар ҷараёни муомилот дар биржаи «Comex» (зерсохтори биржаи Ню-Йорк) аввалин маротиба аз 5 июл зиёда аз 1,8 ҳазор доллар боло рафт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «gazeta.ru» хабар медиҳад, дар ин бора  аз маълумоти минтақаҳои  фурӯш бармеояд.

Соати 15:34 нархи ин филизи қиматбаҳо 0,94% боло рафта, барои як унсияи трой 1804,5 долларро ташкил дод. Ҳамзамон арзиши нуқра ҳангоми муомилот дар «Comex» 20,46 доллар барои як унсияи трой (+0,46%) буд.

Соати 18:22 қимати тилло поён рафтан гирифт ва аллакай барои як унсия 1794,4 доллар арзиш дошт, дар ҳоле ки нуқра то он вақт ба 20,29 доллар барои як унсияи трой савдо мешуд.

Агентии «Bloomberg» болоравии нархи тиллоро чун хоҳиши сармоягузорон барои маблағгузорӣ ба дороиҳои муҳофизатӣ дар пасманзари вазъи шадиди геополитикӣ шарҳ дод. Агентӣ ҳодисаҳои дар бозор рухдодаро бо сафари раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба Тайван рабт дод.

Қаблан хабар дода шуд, ки раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ бегоҳии сешанбе вориди Тайбей мешавад. Чин ваъда дод, ки дар ин маврид «тадбирҳои сахт ва қатъӣ» меандешад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 3, 2022 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд